До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 03.04.2014 Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Ҷоми Аврупо ширкат мекунанд

03.04.2014 Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Ҷоми Аврупо ширкат мекунанд

Дастаи мунтахаби наврасони дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо, ки рӯзҳои 5-6-уми апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар ин мусобиқа иштироки писарону духтарони солҳои таваллудашон 1997-1999 аз беш аз 20 кишвар дар назар аст . Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 21 дзюдочии наврас, аз онҷумла ду духтар ва се мураббӣ аз макотиби варзишӣ ва бошгоҳҳои Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамъиятҳои тоҷикони Твер ва Иркутск дохиланд. Дар ин мусобиқа, бахусус, аз ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2013 ва Ҷоми Аврупо-2014 умедҳои зиёд карда мешавад.

Баъди мусобиқот гуштигирони навраси тоҷик дар ҷамъомади серӯзаи таълимиву тамринӣ, ки аз 7-ум то 9-уми апрел дар Твер барпо мегардад, иштирок мекунанд.

Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем,Бузургмеҳр Иронов, паҳлавони навраси тоҷик,соли гузаштадар мусобиқаи байналмилалии "Умедҳои Твер” оид ба дзюдо, кипанҷсол инҷониб Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Варзишгари дигари тоҷикТемур Раҳимовмоҳи марти соли равон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 дар Туркия медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 килограмм бар Камол Каитов аз Русия ва Шамили Гоготчури аз Гурҷистон ғолиб омад, вале дар нимфинал аз Аҳмад Юлдирим аз Туркия мағлуб шуд. Темур барои ҷойи севум бар Давити Размадзеи гурҷӣ ғалаба кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

скачать dle 10.2 КиноСвин