До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Ширкати се варзишгари тоҷик дар Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии тобистона дар Кореяи Ҷанубӣ

Ширкати се варзишгари тоҷик дар Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии тобистона дар Кореяи Ҷанубӣ

Тоҷикистонро дар Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии тобистона, ки 3 июл  дар шаҳри Кванҷуи Кореяи Ҷанубӣ кушода шуд, шаш нафар (се варзишгар, ду мураббӣ ва як довар) намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин Универсиада се варзишгар - Моҳрӯ Ҳалимова, Фарзона Раҷабова ва Суман Раҷабова (ҳарсе оид ба таэквондо WTF), ду мураббӣ - Ҷун Ҷунг Ҳуи (сармураббии мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба таэквондо WTF) ва Ким Квангҷу, инчунин як довар – Рамзӣ Шамиров, довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба дзюдо, дохиланд. Сабқати таэквондо WTF аз 7 то 13 июл баргузор мешавад.

 

Дарвоқеъ, Моҳрӯ Ҳалимоваи 20-сола, ки дар яке аз донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекунад, соли гузашта дар шаҳри Инчон дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар сабқати таэквондо WTF дар вазни беш аз 73 кило байни духтарон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.Моҳрӯ дар Бозиҳои XVII осиёӣ бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Наталя Маматова аз Узбакистон бо ҳисоби 6-2 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ барои ба финал баромадан аз Донгҳуа Ли аз Чин бо ҳисоби 1-7 шикаст хӯрд ва барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии тобистона дар шаҳри Кванҷуи Кореяи Ҷанубӣ беш аз 12 ҳазор нафар аз зиёда аз 140 кишвари ҷаҳон, ки барои 272 маҷмӯи медалҳо дар 21 намуди варзиш мубориза мебаранд, ширкат доранд. Универсиада 12 рӯз идома мекунад. Маросими пӯшидашавии Универсиада 14 июл ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳамаи Унвиверсиадаҳои тобистона 13 намуди варзиш — баскетбол, ватерпол, волейбол, дзюдо, варзиши сабук, тенниси рӯи миз, шиноварӣ, ҷаҳидан ба об, гимнастикаи варзишӣ, теннис, гимнастикаи бадеӣ, шамшерзанӣ ва футбол - ҳатмист. Намудҳои дигарро кумитаи тадорукоти ҳар як  Универсиада пешниҳод мекунад. Дар Кванҷу бейсбол, ҳандбол, голф, камонварӣ, инчунин қаиқронии академикӣ, бадминтон, тирандозӣ ва таэквондо ВТФ  шомил шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Кореяи Ҷанубӣ барои севумин бор Универсиадаи ҷаҳониро доир кардааст. Соли 2003 дар Тэгу Универсиадаи тобистона, соли 1997 дар Муҷу Универсиадаи зимистона баргузор шуда буданд.  

Ба далели хуруҷи бемории "Мерс" дар Кореяи Ҷанубӣ баъзе варзишгарон аз иштирок дар Универсиадаи тобистона дар ин кишвар даст кашиданд. Аз миёни 73 варзишгари Тоҷикистон, ки бояд ба Универсиадаи тобистона ба Кореяи Ҷанубӣ мерафтанд, сафари 67 нафар лағв шудааст. Лағви сафари бархе аз варзишгарон ба хуруҷи бемории "Мерс" дар Кореяи Ҷанубӣ рабт дорад.

Сар аз моҳи майи соли равон то кунун дар Кореяи Ҷанубӣ вируси "Мерс" ба 184 нафар сироят карда ва 33 нафарро куштааст. Кореяи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъаи 3 июл дар бораи мавриди нави гирифторӣ ба ин беморӣ гузориш додааст. Бемории "Мерс", ки соли 2012 дар Арабистони Саудӣ аз шутур ба инсон сироят кард ва аз ҳамон сол то кунун 400 нафарро куштааст.

 Ҳисоби медалҳо баъди ду рӯзи мусобиқоташгонаи беҳтарин)

                Т     Н    Б   Ҳамагӣ  

1. Чин           7     3     2     12

2. Ҷопон       5     4     5     14

3. Корея        4     6     6     14

4. Фаронса    4     2     3      9

5. ИМА          4     0     2      6

6. Русия         3     9     5     17

Дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

скачать dle 10.2 КиноСвин