До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » Се медали варзишгарони тоҷик дар Ӯзбекистон

Се медали варзишгарони тоҷик дар Ӯзбекистон

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Ӯзбекистон се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо байни навҷавонон, ки рӯзҳои 11-12 июн дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 15 варзишгар (14 писару як духтар) шомил буд. Паҳлавонони ҷавони тоҷик Раҳматуллобек Фарҳодовдар вазни зери 66 кило ва Саидмухтор Расулов дар вазни зери 73 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд. Ду нафари дигар – Комрон Карликов дар вазни зери 81 кило ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни зери 90 кило ҷойҳои ҳафтумро ишғол карданд.

Дар сабқати духтарон ягона намояндаи Тоҷикистон Мавлуда Саъдуллоева аз клуби варзишии "Вастан”-и Душанбе, ки дар вазни зери 52 кило ҷойи севумро гирифт, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар ин бора Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, "дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Чирчиқ 113 варзишгар (80 писар ва 32 духтар) аз 3 кишвар – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон - иштирок доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо касби 45 медал (14 тилло, 14 нуқра ва 17 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо се медали биринҷӣ ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо ду медали биринҷӣ ҷойи севумро гирифтанд”.

Дафтари матбуоти КМО 

скачать dle 10.2 КиноСвин