До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 22.03.2014 Сафари Президенти ФИФА ба Тоҷикистон

22.03.2014 Сафари Президенти ФИФА ба Тоҷикистон

27.03.2014 Ан1207;оми сафари расмии президенти ФИФА ба Душанбе     

Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмиллалии футбол

Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФА) рӯзи 24 март бо як сафари дурӯза ба Душанбе меояд.

Тавре торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додааст, дар назар аст президенти ФИФА бозии миёни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Истиқлол"-и Душанберо тамошо кунад.

Тимои "Равшан" ва "Истиқлол" рӯзи 25-уми март, барои дарёфти Ҷоми олии Тоҷикистон рақобат хоанд дошт.

Ба иттилои манбаъ, Блаттер дар доираи сафараш ҳамчунин ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон оғоз мебахшад. Оғози Соли футболи оммавӣ низ дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт баргузор хоҳад шуд.

Инчунин дар чорабинӣ ҷашнвораи футбол барои кӯдакон аз рӯи барномаи "Grassroots” баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтае қабл вакилони ФИФА аз рӯи масоили иштироки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар барномаи ФИФА "Performance" ба Душанбе сафари корӣ анҷом дода буданд.

Нодар Ахалкатси, намояндаи ФИФА оид ба рушд дар Деҳлӣ, мушовири барномаи ФИФА "Performance" (Гурҷистон) ва Александр Чернухо, мушовири ФИФА оид ба футболи кӯдакону наврасон ва футболи оммавӣ (Беларус), зимни сафари шашрӯзаи худ дар қароргоҳи ФФТ бо хабарнигорони риштаи варзиш суҳбат намуда, бо хабарнигорон суолу ҷавоб крданд.

Намояндагони ФИФА дар рафти суҳбати тулонӣ аз журналистони риштаи варзиш суол ҳам карда буданд, ки дар Тоҷикистон рақобат миёни кадом дастаҳо хотирмон мегузарад, ки мухлисони зиёде ба тамошои он мераванд.

Журналистони риштаи варзиш дар посух ба ин суол якдилона рақобати тимҳои "Равшан" ва "Истиқлол"-ро сермухлистарин ва тамошобоб арзёбӣ карданд.


скачать dle 10.2 КиноСвин