До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 08.05.2014 Маросими ифтитоҳи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд

08.05.2014 Маросими ифтитоҳи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд

Имрӯз, 8-уми май,дар Душанбе маросими ифтитоҳи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар ин маросим, кидар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, барпо гардид,Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, ки раиси кумитаи тадорукоти Бозиҳои варзишии Тоҷикистон мебошад, иштирокдорони бозиҳоро табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳо орзу кард.

М. Неъматов зимни суханрониаш, аз ҷумла гуфт,"Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба варзиш ва муайян намудани ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби мамлакат баргузор шудааст. Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳашт даста - мунтахаби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, ду даста аз вилояти Хатлон, мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва ду дастаи Душанбе ширкат доранд.Ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳҳои сентябр-октябри соли равон дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, ба шумор мераванд.”

Ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 10 навъи варзиш - баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, инчунин, 5 навъи гуштӣ - миллӣ, озод, юнониву румӣ, дзю-до ва самбо шомиланд. Занон дар 5 намуд – баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол ва таэквон-до ВТФ рақобат мекунанд.

Сардовари ин бозиҳоРаҳматшо Камолов, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт,"марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се намуд – бокс, самбо ва гуштии миллӣ - натиҷагирӣ шуд. Дар мусобиқаи бокс, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, мардону занон рақобат карданд. Дастаи Душанбе-1 бо касби 9 медали тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ мақоми аввалро гирифт. Инчунин дастаи Душанбе-1 дар мусобиқаи гуштии самбо дар шаҳри Кӯлоб бо касби 4 медали тилло ва 5 нуқра ғолиб шуд. Мусобиқаи гуштии миллӣ дар ноҳияи Рашт барпо гардид. Мунтахаби водии Рашт бо касби 4 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Шоми имрӯз ғолибон дар мусобиқаи дзюдо маълум мешаванд.”

Ба иттилои М. Камолов мусобиқот боз аз рӯи 5 намуд –таэквон-до (ВТФ), баскетбол, гуштии озод,варзиши сабукваволейбол– аз 10-уми май то 6-уми июн дар беҳтарин иншооти варзишии шаҳри Душанбе ва оид ба гуштии юнониву румӣ рӯзҳои 17-18-уми май дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд баргузор мешаванд.

Инчунин дар маросими кушоиши бозиҳо ба 40 нафар беҳтарин варзишгарони кишвар стипендия ё идрорпулии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон супурда шуд, ки миёни онҳо варзишгарони машҳури тоҷик, ба монанди Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров, Искандари Рустам, Анвар Юнусов, Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Акмалиддин Каримов ва дигарон ҳастанд. Бо мукофоти пулӣ, ҳамчунин, 15 нафар собиқадорони варзиш қадрдонӣ шуданд.

скачать dle 10.2 КиноСвин