До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» » 05.05.2014 Бозиҳои варзишии Тоҷикистон дар се намуд натиҷагирӣ шуд

05.05.2014 Бозиҳои варзишии Тоҷикистон дар се намуд натиҷагирӣ шуд

 

Марҳилаи ниҳоииБозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се намуд – бокс, самбо ва гуштии миллӣ - натиҷагирӣ шуд.

Сардовари ин бозиҳоРаҳматшо Камолов, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтааст,"дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва пойтахти кишвар ширкат доранд. Ба барномаи Бозиҳо 10 навъи варзиш - баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, инчунин, 5 навъи гуштӣ - миллӣ, озод, юнониву румӣ, дзю-до ва самбо шомиланд. Занон дар 5 намуд – баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол ва таэквон-до ВТФ рақобат мекунанд”.

Дар мусобиқаи бокс, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, мардону занон рақобат карданд. Дастаи Душанбе-1 бо касби 9 медали тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ мақоми аввалро гирифт. Инчунин дастаи Душанбе-1 дар мусобиқаи гуштии самбо дар шаҳри Кӯлоб бо касби 4 медали тилло ва 5 нуқра ғолиб шуд. Мусобиқаи гуштии миллӣ дар ноҳияи Рашт барпо гардид. Мунтахаби водии Рашт бо касби 4 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Ба гуфтаи Раҳматшо Камолов, мусобиқот аз рӯи 6 намуд –дзюдо, таэквон-до (ВТФ), баскетбол, гуштии озод,варзиши сабукваволейбол- дар беҳтарин иншооти варзишии шаҳри Душанбе ва як намуд (гуштии юнониву румӣ) дар шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои варзишии кишвар рӯзи 8-уми май соати 11:00 дар Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир хоҳад шуд.

"Бояд гуфт, ки Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ, инчунин, мақоми чемпионати Тоҷикистонро дар намудҳои алоҳида дорост. Бинобар ин бар асоси низомномаи бозиҳо дар мусобиқот ширкати варзишгарони касбие, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардаанд, ҳатмист. Зеро дастаҳои мунтахаби кишвар аз ҳисоби ғолибони ин бозиҳо ташкил мешаванд. Ва ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳи сентябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, ба шумор мераванд”, - иброз дошт Раҳматшо Камолов.

скачать dle 10.2 КиноСвин