Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Бозиҳои олимпӣ

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ

ПЕКИН-2022

Пекин-2022 (Ҷумҳурии Мардумии Чин)
4-20 феврал

Олимпиада: XXIV
КМО: 91
Варзишгарон: 2871
Намуди варзиш: 7 (15 равия)
Қувваозмоӣ: 109





 4 феврал дар маросими ифтитоҳи XXIV Бозиҳои зимистонаи олимпӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Маросими ифтитоҳи XXIV Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Варзишгоҳи миллии Пекин, ки бо номи "Лонаи паранда" маъруф аст, баргузор шуд. Дар ин варзишгоҳ нахустин бор дар ҷаҳон ҳам маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпӣ доир гардид.

Директори маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, мисли соли 2008, Имоу Чжан буд. Яке аз вижагиҳои аслии ин маросим он буд, ки дар он ҳунарпешаҳо, овозхонҳо ва раққосони ҳирфаӣ ширкат надоштанд. Ҳама ширкаткунандагон донишҷӯён, мактаббачагон ва сокинони оддии Пекин ва музофоти Ҳбей буданд.

Мавзӯи маросим "Як ҷаҳон, як оила" буд. Дар фарҳанги Чин боварӣ доранд, ки шахси хирадманд тамоми ҷаҳонро ҳамчун як оила мебинад.

Симои асосии маросим як донаи барф буд. Ин ишора ба шеъри шоири чинӣ Ли Бай дар бораи зарраҳои барф дар кӯҳҳои Яншан, ки тақрибан 1300 сол пеш навишта шудааст, инчунин ба мақоли ғарбӣ, ки ду донаи барф яксон нест, мебошад. Идея ин аст, ки ҳама донаҳои барф гуногунанд, аммо якҷоя зимистони зебоеро месозанд, мисли одамони фарҳангҳои гуногун, бо забонҳои гуногун, ки ба Олимпиада меоянд ва хонаи умумӣ меёбанд.


ҲИСОБИ МЕДАЛҲО

ҶОЙ   

КМО/КИШВАР

ТИЛЛО  

НУҚРА  

БИРИНҶ  

ҶАМЪ 

1

Норвегия

16

8

13

37

2

Олмон

12

10

5

27

3

Ҷумҳурии Мардумии Чин

9

4

2

15

4

Штатҳои Муттаҳидаи Амрико

8

10

7

25

5

Шведсия

8

5

5

18

6

Нидерланд

8

5

4

17

7

Австрия

7

7

4

18

8

Швейтсария

7

2

5

14

9

КОР

6

12

14

32

10

Фаронса

5

7

2

14

11

Канада

4

8

14

26

12

Ҷопон

3

6

9

18

13

Италия

2

7

8

17

14

Кореяи Ҷанубӣ

2

5

2

9

15

Словения

2

3

2

7

16

Финландия

2

2

4

8

17

Зеландияи Нав

2

1

0

3

18

Австралия

1

2

1

4

19

Британияи Кабир

1

1

0

2

20

Венгрия

1

0

2

3

21

Белгия

1

0

1

2

21

Ҷумҳурии Чех

1

0

1

2

21

Словакия

1

0

1

2

24

Белорус

0

2

0

2

25

Испания

0

1

0

1

25

Украина

0

1

0

1

27

Эстония

0

0

1

1

27

Латвия

0

0

1

1

27

Полша

0

0

1

1