Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Бозиҳои олимпӣ

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ

ЛОНДОН-1908

ЛОНДОН-1908 (БРИТАНИЯИ КАБИР)
27 апрел — 31 октябр

Олимпиада: IV
КМО: 22
Варзишгарон: 2008 (37 зан, 1971 мард)
Намуди варзиш: 24
Мусобиқаҳо: 110

ҲИСОБИ МЕДАЛҲО

Ҷой   Давлатҳо Тилло      Нуқра      Биринҷӣ      Ҳамагӣ 
1  Британияи Кабир*                        56 51 39 146
2  Штатҳои Муттаҳида 23 12 12 47
3  Шведсия 8 6 11 25
4  Фаронса 5 5 9 19
5  Олмон 3 5 5 13
6  Маҷористон 3 4 2 9
7  Канада 3 3 10 16
8  Норвегия 2 3 3 8
9  Италия 2 2 0 4
10  Белгия 1 5 2 8
11  Австралия 1 2 2 5
12  Империяи Руссия 1 2 0 3
13  Финляндия 1 1 3 5
14  Африқои Ҷанубӣ 1 1 0 2
15  Юнон 0 3 1 4
16  Дания 0 2 3 5
17  Боҳемиа 0 0 2 2
 Нидерланд 0 0 2 2
19  Австрия 0 0 1 1
Ҳамагӣ (19 давлат) 110 107 107 324
* Кишвари мизбон

ФАКТҲОИ ҶОЛИБ

- Маҳз дар бозиҳои Лондон бори аввал шиори “Муҳим иштирок аст, на ғалаба” садо дод – баъд аз он ки марафончӣ Дорандо Пиетрӣ, ки дар сафи пеш медавид, чанд метр то марра нарасида, афтод ва аз унвони қаҳрамонӣ маҳрум гардид. - Дар ин бозиҳо варзишгарони Зеландияи Навро, ки ҳанӯз Кумитаи миллии олимпӣ надоштанд, қабул карданд. Онҳо ҳамроҳи варзишгарони Австралия баромад намуданд. Номи тими олимпиашон Австралосиё буд. span style="font-size: 12pt;">- Чанд ҳафта қабл аз оғози Олимпиада маълум шуд, ки ба кумитаи ташкилӣ 10000 фунт стерлинг намерасад. Лозим омад дар ин бора хабар диҳанд ва кӯмак пурсанд. Ба ин пурсиш шоҳзодаи Уэлс Георг, роҳбарияти газетаи «Daily Mail», оилаи миллионери амрикоӣ Корнелиус Вандербилта ва ҳатто ҳукумати Фаронса посух гуфтанд.

Бозгашт ба феҳрист