Шогирдони Пайрав Воҳидов дар даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи «А» - тими футзали Тайланд бозӣ мекунанд.
Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар ҷаласаи панҷуми худ, ки 30 сентябр дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд, Қатарро ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2024 миёни ҷавонони то 23-сола тавсия кард.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври дуюми гурӯҳи “B”-и марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Кувейт ҷараён дорад, бо тими Узбекистон бозӣ кард.
24-27 сентябр дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз рӯи 13 вазн миёни мардон баргузор шуд.
Дар курси бозомӯзӣ кормандони мактабҳои варзишӣ ва мураббиён ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки дар Кувейт ҷараён дорад, бо пирӯзӣ оғоз кард.
Мусобиқаи шиноварӣ дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 35 қувваозмоӣ (мардҳо – 17, бонувон – 17, даставии омехта - 1) доир мешавад
Аз 6 то 13 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни калонсолон баргузор мешавад.
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки 23-25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, 8 медал – 3 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ – ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барандаи 48-ум мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» шуд.
23-25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор мешавад.
19-20 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд 9-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ ёфт.
15-17 сентябр бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси бозомӯзии ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши шаҳри Норак доир гашт.
19-20 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд 9-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир мегардад.
Маҷмааи варзишию фароғатӣ, ки аз се ошёна иборат аст, асосан дорои варзишгоҳи болопӯшида бо ҳуҷраҳои либосивазкунии мардона ва занона, толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрокҳо ва молҳои варзишӣ, маркази фароғатӣ бо меҳмонхона ва қаҳвахона, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, саунаҳои хушку тар ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.
Паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки 10-11 сентябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни -58кг медали тило ба даст овард.
10-11 сентябр бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Варзишгарони тоҷик Оятулло Қамарӣ ва Неъматулло Арсонқулов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Шӯрои иҷроияи КБО шакли ислоҳшудаи системаро ба тасвиб расонд, ки тибқи он муштзанҳо соли оянда дар бозиҳои қоравӣ барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза хоҳанд бурд.