2 Сентября 2008 02:09
Количество просмотров: 1498
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бинои хукумати мамлакат ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматҳои шоёни таҳсин кардаанд, мукофоти давлатӣ супурд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар рушди иқтисод, энергетика, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, ҳифзи тандурустии аҳолӣ, ташкили хизмати аълои ҳарбӣ, таҳкими қонуният ва адолати судӣ, хизмати намунавии давлатию ҷамъиятӣ ва фаъолияти босамар ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо 6 кас бо ордени Дӯстӣ, як нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 2 кас бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 19 кас бо ордени Шараф дараҷаи 2, 6 кас бо медали ҷасорат, 52 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 кас бо медали Шафкат сарфароз гаштанд.
Ба варзишгарони номбардори Тоҷикистон Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов, ки дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Пекин сазовори медалҳои биринҷӣ ва нуқраи ин мусобиқоти ҷаҳонӣ гаштанд, супурдани ордени Шараф дараҷаи 1 як навъ нуқтаи авҷи ин чорабинии идона гашт, ки мавриди кафкӯбиҳои бардавоми аҳли толор қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд лаҳза бо ҳозирин сӯҳбати озоду ошкоро ва самимӣ анҷом дода, зимни он ҳамаи онҳоро бори дигар бо гирифтани мукофотҳои давлатӣ табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъи мукофотгирифтагонро, ки намояндагони қариб тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишваранд, ба хизмати софдилона ва садоқатмандона ба нафъи давлату миллати худ ва баҳри таъмини пешрафту шукуфоии Ватани азиз ҳидоят намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва аз давлатдории миллии худро аз вазифаҳои пуршарафи ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маънидод кард.