Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Дастаҳои мутнахаб

Маҳамадализода Абдулло

Вазифа

Котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон

Матни иловагӣ

Маҳмадализода Абдулло 26 июли соли 1980 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.

Соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст, аз соли 2019 донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов.

Фаъолияти корӣ:

2000-2005 - котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Файзобод;

2005-2008 - котиби Суди ноҳияи Файзобод;

2010-2011 - сармутахассиси Шӯъбаи кор бо кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2011-2012 - и.в. мудири Шӯъбаи кор бо кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2012-2014 - мудири Бахши таъминоти ҳуқуқии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

2014-2015 - мудири Бахши кор бо кадрҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2015-2021 - муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 4 январи соли 2021 сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон аз феврали соли 2020 котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон аст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, №1571 бо Ифтихорномаи Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 бо унвонии фахрии
“Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз
шудааст.