Тел: (992) 906009977 (мобилӣ)
Ноиби Президенти КМО Тоҷикистон
Гулаҳмадзода Зулфиқор 6 апрели соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Соли 2005 Литсейи техникӣ - аграрии ноҳияи Данғара, соли 2010 Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА:
Солҳои 2004-2005 |
донишҷӯи Литсейи техникии аграрии ноҳияи Данғара |
Солҳои 2004-2005 |
роҳбалади Осорхонаи миллии ноҳияи Данғара |
Солҳои 2005-2010 |
донишҷӯи Донишгоҳи иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2012
Солҳои 2011-2012
Солҳои 2012-2013 |
мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хизмати ҳарби дар (қисми низомии 3502) РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2013-2014 |
мудири бахши омор ва баҳисобгирии аъзои ҳизбӣ шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур |
Солҳои 2014-2016
|
муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур |
Солҳои 2017-2022
|
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе |
Солҳои 2020-2022 |
Омӯзгори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ |
Солҳои 2022-2024
Аз 16.01.2024 |
Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Данғара №36, муовини якуми Раиси Фраксияи ҲХДТ дар МнМОҶТ
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Бо мукофоти давлатӣ - Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти соҳавӣ - “Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон“, “Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Аълочии фахрии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нишони “95-солагии Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нишони Маркази миллии патенту иттилоот” сарфароз гардидааст.