До XXXI летних Олимпийских игр Рио-2016 осталось:
» Ашқобод-2017: гуштингирони тоҷик 2 медали биринҷии дигар ба даст оварданд

Ашқобод-2017: гуштингирони тоҷик 2 медали биринҷии дигар ба даст оварданд

 

Ашқобод-2017: гуштингирони тоҷик 2 медали биринҷии дигар ба даст оварданд

Имрӯз – 19 сентябр мусобиқаи гуштини камарбандӣ оғоз гардид, ки варзишгарони мо дар он ширкат карда, соҳиби 2 медали биринҷӣ гардиданд.

Хоҷаев Оятулло дар вазни -55 кг дар даври ҳаштякфинал бар намояндаи Ҷопон Теппей Ҳатано ғалаба карда, ба даври нимфинал баромад. Дар муҳориба барои даври финалӣ аз варзишгари Туркманистон Таганташ Гуйшмамедов шикаст хурда, ҷои сеюмро сазовор гардид.

Эркинбек Абдунабиев низ дар вазни -65 кило дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари Ҳиндустон Ниранҷан Карлекар пирӯз шуда, дар даври чорякфинал аз варзишгари мизбон Тиркисгелдӣ Аязов мағлуб гашта, медали биринҷии бозиҳоро сазовор гашт.

Шумораи умумии медалҳои Тоҷикистон ба 13 адад расид: 1 нуқра, 12 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар мақоми 20 қарор дорад.

скачать dle 10.2 КиноСвин